Имрӯзҳо садҳо нафар мехоҳанд, ҳаққи истиқомат дар давлатҳои хориҷӣ, хоса Федератсияи Руссияро пайдо намоянд. Аз омори расми маълум аст, ки танҳо дар соли 2019 нӯҳ ҳазор нафар тоҷик ба сафорати Руссия ба ҳамин мақсад муроҷиат кардаанд…
Аз касе пӯшида нест, ки мардуми моро танҳо беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва ояндаи фарзандон маҷбур мекунад, ки ғурбатро аз оғӯши ватан беҳтар донанд. Дар ин росто назарпурсие анҷом додем, бо нафароне, ки алаккай берун аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва онҳое азми сафар доранд….
Бе хонагӣ маҷбурам намуд, ки…
Ман муаллимаи фанни физикаи яке аз мактабҳои пойтахт будам, шавҳарам духтури бачаҳост. Чун дар шаҳр ба воя расидаам, дар синфҳои забони таҳсилашон русӣ дарс мегуфтам. Дар ҳавлии хурдакаки хусурам се оила зиндагӣ мекардем, бо гузаштани солу моҳҳо ва фарзандор шуданамон азобҳои зиндагӣ сар шуданд. Бо маоши ману шавҳарам зиндагиро як бало карда бурдан мумкин, аммо хона харидан…
Мо ба сафорати Руссия дар Тоҷикистон муроҷиат намуда баъди гузаштани сӯҳбату тахт намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ҳаққи иқоматро дар ин давлати абарқудрат пайдо кардем. Айни ҳол дар Руссия кору фаъолият дорем, маоши маро ману кумакпулиҳои мегирифтаамонро сарфи рӯзгор месозему маоши ҳамсарамро ҷамъ мекунем то дар ватан соҳиби хонае гардем. Ростӣ, дури аз наздикон ва модари ранҷурам азиятам диҳад ҳам дигар илоҷ надорам ва ҳоло ба ин наздикиҳо ба ватан баргаштанӣ ҳам нестам…Барои муаллимон дар Руссия шароит хуб аст, маош баланд, дар Тоҷикистон бо маоши муаллимӣ бо ду кӯдак зиндагӣ намудан хеле душвор аст, гар дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунӣ пас инро зиндагӣ гуфтан нашояд.
Дар расонаҳои хабарӣ хондам, ки аз Руссия муаллимони забони русиро барои кор ба Тоҷикистон даъват намудаанд, бо маоши баланд… Ин таззодро бинед, мо муаллимони русидон, муаллимоне, ки фанҳои дақиқро бо ин забон меомузонанд дар Руссия овораю… Оё ҳамон мақоли «Оби дари хона лойолуд» рост нест?! Мо дар Тоҷикистон беҳтарин муаллимон дорем, аз ҳамон мактабе, ки ман он ҷо ифои вазифа мекардам, шаш муаллим ба Руссия кӯч баста ин ҷо ба таълиму тадрис машғул ҳастанд, Вазорати маорифи мо бошад, бо амали дар боло зикр намудаамон гуфтанӣ аст, ки дар кишвари мо мутахассисони забондон намерасанд… Баъзан ғуссае диламро фишор меорад, ки ин кӯчиданҳо идома ёбанд, чанд даҳсола пас дар Тоҷикистон кӣ мемонад?! Мегӯяд Фирӯзаи Сафар –омӯзгор.
Ба номи ватан…
Аз кӯч бастани мардум ба хориҷи дуру наздик ҳангома намудан, ин комилан нодуруст аст. Мо дар даврае зиндагӣ мекунем, ки дунеро раванди ҷаҳонишавӣ фаро гирифтааст. Ҳар инсон соҳибихтиёр аст, ки барои худ макони зист интихоб намояд. Агар ҳамаи бузургон ҳамин ҷо ман зода шудаам гӯён аз ҳамон қишлоқаки кӯдакияшон берун намебаромаданд, ҳоли шаҳрҳо чӣ мешуд? Ё магар онҳо пеш мерафтанд? Ман донишгоҳи забонҳоро дар риштаи забони хитоӣ хатм намудааму ҳоло бо як ширкати чиноӣ шартнома баста он ҷо тарҷумонӣ мекунам, Худо хоҳад пас аз шаш моҳ ба Хитой мераваму он ҷо кору фаъолият мекунам…
Берун аз ватан кору зиндаг намудан ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо Тоҷикистонро фаромӯш мекунем. Тоҷикистон зодбуми ман, мисли модар муқаддас аст ва ман ҳар куҷое бошам бо номи ватанам кору пайкор мекунам. Ифтихор аз тоҷик буданам карда ба оламиён хоҳам фаҳмонд, ки ман аз миллати Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Эмоми Аъзам ва дигар бузургони оламшумул ҳастам… Ман мехоҳам қисмати худро бо дастони худам созам- чунин ибрози андеша кард Соҳибҷон Комилов тарҷумон.
Ватан он ҷо, ки озораш набошад!
Инсон табиатан хоҳони зиндагӣ ва муҳити оромбахшу муносиб аст, ӯ мехоҳад умрашро ҳамеша бидуни парешониву нигаронӣ гузаронад, манзили хубу муҷаҳҳаз дошта бошад, ғизои нағз хурад, либоси хуб пӯшад, зоҳири хуб дошта бошад ва барои анҷом додани корҳои рӯзгор аз беҳтарин асбобу афзор истифода намояд. Барои ҳамаи ин чӣ даркор аст? Пул! Барои кор кардани пул бошад кори сердаромад ёфтан даркор, барои ҳамин ҳам мардум ба мамлакатҳое майл мекунанд, ки мардум он ҷо зиндагии шоиста доранд. Ман се сол боз дар Қазоқистон кору зиндагӣ мекунам, ҳамроҳи шавҳарам дар ин мамлакати зебо ду фарзандро ба воя расонида истодаем. Тиҷорати хурде дорему шукрона, ки ба зиндагиямон мерасад…
Се сол пеш дар як муассисаи давлатӣ ифои вазифа мекардам, дар шаҳри Қурғонтеппа ва шашсад сомонӣ маош мегирифтам. Ҳоло ҳам бо ҳамкоронам дар тамосаму медонам, ки маоши онҳо як тин боло нарафтааст. Маро даҳшат зер мекунад… Агар то ҳол ҳамон ҷо кор мекардам, ба дусаду бист сомонӣ як халта орд мегирифтам, пас чӣ кор мекардам?! Бар замми паст будани маош боз аз сари он сарварон мезананд, масалан ҳар сол се-чор моҳ сад сомонӣ барои обуна мегиранд, боз сад гапи дигар… Гумони ман он аст, ки ҳама ҷо замини Худост, шиори ман дар зиндагӣ ҳамин аст, ки «Ватан он ҷо, ки озораш набошад», албатта ҷойи Тоҷикистонро ягон гӯшаи дунё намегирад, вале чӣ илоҷ, тақдирро тадбир нест… Чунин ибрози назар кард Сафина Муллоҷонова тоҷики сокини Қазоқистон.
Мо бояд ватани худро обод созем…
Албатта инсон бояд кушиш кунад, пеш равад, омӯзад сафар кунад, вале чун сухан дар бораи ба хотири зиндагии тинҷу осуда тарки ватан кардан меравад, ман ба ин ҳама розӣ буда наметавонам…
Ҳамон коре, ки мо дар мулки ғурбат ба анҷом мерасонем, агар дар ватани худамон ба анҷом расонем, ҳам мулк обод мешаваду ҳам ҷойи корӣ пайдо. Хайр шудааст, ки дар кишвари мо сатҳи зиндагӣ назар ба дигар кишварҳои пасошуравӣ паст аст, иқтисод мелангад, оё барои ҳамин ватанро тарк намудан лозим?! Пас баҳри ободии ин ватан ки камари ҳиммат мебандад?! Имрӯз дар тамоми навоҳии Тоҷикистон сохтумонҳо рафта истодааст, оё ҷавононе, ки чунин касб доранд наметавонанд дар чунин ҷойҳо кор ёбанд? Гумон мекунам, ки мақоли «Нимтаи нон роҳати ҷон»- беҳикмат нест… Дар мулки ғурбат чӣ қадар сарвату боигарӣ дошта бошӣ ҳам, ватан надорӣ он ҷо номи ту ғариб, муҳоҷир, мусофир аст… Чунин ибрози назар кард, Мутрибшоҳ Ҳаловатов сокини пойтахт.
Фароҳамсоз Лолаи Саидакбар