Мегӯянд, ки хӯрок дар баробари лазиз буданаш бояд фоидаовар, яъне дорӯ бошад. Аз ин рӯ фарзанди одам тули таърихи пайдоишаш як қатор маҳсулоти шифобахшро ба рӯйхати маҳсулоти истеъмол мекардааш ворид намуд, то дар баробари сер шудану нерӯ гирифтан боз давобахш низ бошад.
Аз ин бармеояд, ки одам бояд маҳсулотеро истеъмол намояд, ки ба ҷисмаш заруранд, акнун саволе бармеояд:
— Сабади истеъмолии тоҷик чӣ дорад? Оё мо метавонем, маҳсулотеро харида истеъмол кунем, ки ҷисмамон ба он ниёз дорад?
Бисёриҳо дар харобии буҷаи оила ва камбағалона будани дастархони мардум бонувонро гунаҳгор мекунанд, мегӯянд, ки занони тоҷик бадхарҷанду пули бо сад машаққат ёфтаи шавҳарони худро сарфи ҳавасҳои беҳуда мекунанд. Дар ин росто назарпурсие гузаронидем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи закию нуктафаҳми «Чархи Гардун» месозем.
Шаҳзоди Шобуддин — корманди ширкати сохтумонӣ
Ман дар ширкати сохтумонии ватанӣ кор мекунам, ҳамсарам омӯзгор аст, маоши ҳардуямон дар як моҳ ду ҳазору панҷсад сомониро ташкил медиҳад. Дар хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунему чор фарзанд дорем, ки ду нафараш донишҷӯ ду нафари дигар хонандаи мактаб мебошанд. Акнун тасаввур кунед, ки сабади истеъмолии мо чӣ дорад? Бояд бигӯям, ки пули рухсатии меҳнатиямонро як бало карда маблағи шартномаи ду донишгоҳро месупорем ва дигараш ба зур ба зиндагӣ мерасад. Мо ҳар рӯз маскаю қаймоқ, меваю гӯшт намехӯрем, вале гурусна низ нестем, ба ҳаминаш ҳам шукр. Аз касе пӯшида нест, мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки иқтисодаш бо ду по мелангаду сатҳи зиндагӣ хеле паст аст. Вале дар бозорҳо нарх он қадар баланд аст, ки мисли давлатҳои мутарақӣ ва сарватманди дунё,. Дар мо маоши ҳадди аққал ночиз асту як килло гӯшт 50-54 сомон, дар Амрико коргарони оддӣ ҳазор- ду ҳазор доллар маош мегиранду нархи гушт ҳамин қадар аст.
Ҳамсарам як дугонаи рус дошт, ӯ ду сол пеш ҳамроҳи аҳли оилааш, ки ҳамагӣ омӯзгоронанд ба Русия рафт ва дар як русто хона харида ҳамонҷо кору зиндагӣ мекунанд. Чанд ҳафта пеш ӯ ба Тоҷикистон омад ва як ҳафта дар хонаи мо меҳмон буд, мегӯяд дар деҳа зиндагӣ кунанд ҳам шароиташон олисту ҳафсад-ҳашсад доллар маош мегиранд. Дар деҳоти рус омӯзгорон аз имтиёзҳои зиёде бархурдор будаанд, Марина моро зорӣ мекунанд, ки хонаамонро фурӯхта ба Русия равем. Зеро ману ҳамсарам низ муаллимони забони русӣ ҳастем, ҳарчанд ман аз ночорӣ касбамро иваз кардам. Аммо ман намехоҳам, ғарибу мусофир шавам ва фарзандонамро муҳоҷир кунам, зеро хушбинаму бовар дорам, ояндаи хубе моро дар пеш аст. Шояд ин ҳама аз тарбияе сарчашма мегирад, ки волидонам ба ман додаанд- яъне як пора обу як коса об дар ватан беҳтар аз сад нозу неъмат дар ғарибист.
Нозбӯ Салимова – табиби оилавӣ
Чӣ гунагии вазъи зиндагии ҳар оила аз ақлу заковат ва ҷаҳонбинии ҳар яки мо вобаста аст. Мардуми мо шиква мекунанд, ки сатҳи зиндагияшон паст аст, вале ба кадом тӯйю маъракае равем рӯи он шоҳона оро дода шудааст. Новобаста аз он ки соҳиби тӯй раис аст ё фаррош, ба мардуми мо як чиз намерасад- омӯхтани сарфакорӣ. Сарфакорӣ дар оила ба бонувон хос аст ва бадбахтона бонуи тоҷик имрӯз бисёртар ба харҷҳои беҳуда дода шудааст. Ман аз назди боғчаи бачагонае гузашта ба кор меравам, бовар кунед ҳар субҳ ҳоли бачаҳо ва волидони онҳоро дида аҷабам меояд. Аксарияти бачаҳо дар назди мизи шалақи «холаи чизфурӯшак» зор-зор гириста то барояшон ягон чизе аз қабили ширинию сақичу дигар маводҳо харидорӣ накунанд ба боғча намедароянд. Ин ба бачаҳо одат шудааст ва волидайн дигар наметавонанд онҳоро аз райъашон баргардонанд. Чаро?-Чунки дар оила тарбия нест! Дар даҳ-понздаҳ соли теъдоди бемориҳои даҳону ком ва увзҳои дарунӣ дар кӯдакон хеле зиёд шудааст, ки сабаби он истеъмоли маҳсулоти хӯроки пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаи хитоӣ мебошад. Фориғболии баъзе волидон аз ҳад гузаштааст, онҳо парво надоранд, ки пул дода барои фарзандонашон беморӣ мехаранд. Падару модар бояд дар ғанӣ намудани сабади истеъмолии аҳли оила кушиш намоянду пули бо меҳнати зиёд ёфтаашон сарфи маводи хӯрдание насозанд, ки пур аз консентратҳои химиявӣ аст.
Азизмурод Назиров- муввақатан бекор
Сабади истеъмолӣ… Дар кишвари мо мардум ба се табақа тақсим мешаванд, сарватмандон-тоҷикони нав, миёнаҳолҳо онҳое, ки ҷойи кори доимӣ доранд ва камбағалҳо- ман баринҳо, ки гоҳе кор меёбему гоҳи дигар не. Акнун худатон гӯед, ки дар сабади истеъмолии мо чӣ буда метавонад? Нон, чой, шакар, макарон- дар бисёр ҳолатҳо ҳамаи ин маҳсулотро ба сифати қарз аз мағозаи маҳалламон мегирему пул, ки ёфтем онро бармегардонем. Худованд баракати соҳиби ҳамин магазинро диҳад, вагарна аз гуруснагӣ мемирем. Оилаи мо он қадар калон ҳам нест, ду фарзанди мактабхон дорам, дар зиндагӣ машаққати бисёр кашидам. Гумон мекунам, ки агар мехондам ба ин рӯзҳо намерасидам, саводам он қадар бад нест, солҳои пеш ба бемаълумотиям нигоҳ накарда дар идорае ба ҳайси хоҷагидор (завхоз) кор мекардам, вале маълумотдоре омада ҷоямро гирифт. Ҳоло ба мардикор-бозор меравам кор ёбам хуб, наёбам боз дар ташвишу ҷустуҷӯ чанд рӯзамро сарф мекунам, саломатиям имкон намедиҳад то ба Русия сафар кунам. Аққалан ҳамсарам низ ҳунаре надорад, ки каме ба ман ёрдам шавад, хулоса ҳамеша бо таъби хира ва хотири ношод мегардам.
Қаландарова Умрия – омӯзгор
Ману ҳамсарам омӯзгор ҳастем, ҳарду баъд аз издивоҷ чанд сол дар Руссия кору фаъолият намуда бо пули аз меҳнати ҳалоли худ ёфтаамон соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ гаштем. Мо аз рӯзҳои аввали зиндагӣ аз рӯи нақша кор мекардем, аввал хона харида баъд фарзандор шудем. Ҳоло ду писараки нозанин дорему ба касби дӯстдоштаамон машғул ҳастем, шукри Худо аз чизе танқисӣ намекашем, зеро сарфакорем. Ана ҳамин сарфакорӣ имконият медиҳад, ки мо сабади истеъмолиямонро аз маводи болаззату меваю сабзиҷоти тару тоза пур нигаҳ дорем. Вақте мо аз шаҳр хона хариданӣ шудем, волидонамон зид баромаданд, ки мардуми шаҳр «харидахӯр» ҳастанду зӯри шумо намерасад, вале ман беҳуда будани ин суханҳоро исбот кардам. Агар инсон ба қадри ҳар дирами бо арақи ҷабин ёфтааш расад, он гоҳ ҳам сабади истеъмолияш аз маводи хушсифат пур мешаваду ҳам хор намешавад.
Ашурой Худойқулова- соҳибкори инфиродӣ
Чун ба бозори истеъмолии кишвар менигарам маро даҳшат фаро мегирад, зеро ин маводи хӯроквории пур аз консентратҳои химиявию заҳролуд ҳоли мо чӣ мешавад. Ман чанде пеш аз расонаҳои хабарӣ фаҳмидам, ки кормандони гумрук панҷ тона гӯшти мурғро ба кишвар ворид шудан намонданд. Онро як тоҷир барои сехҳои ҳасиббарорӣ меовардааст… Бечора мардуми нодор, чун зурашон ба харидани гӯшти тоза намерасад, ҳамин гуна ҳасибу ҳасибчаҳои ҳаромро, ки боз истеҳсолгарони мо шарм надошта дар болояшон ҳалолу покиза менависанд, харида мехӯранд. Ман ҳам сарватманд нестам, тиҷорати хурде дорам, вале ҳеҷ гоҳ ҳасибу гушти мурғро ба дастурхонам роҳ намедиҳам. Хӯроки бегушт мехӯраму ин латтакуҳнаҳоро не, аз тоҷирони муҳтарами тоҷик хоҳиш дорам, ки ба хотири манфиати хеш шуда миллатро бемор насозанд. Ногуфта намонад, ки зиёд шудани дардҳои бедавои ҷоғару қанду саратонро низ як омил ана ҳамин маҳсулоти бесифат ҳастанд. Ба ҳамватанони азиз бошад муроҷиат карда гуфтаниям:- Сабади истеъмолии худро бо маводҳои табии ва фоидаовар пур кунед ва сарфакор бошед!
Фароҳамсоз: Зебунисо Ҷӯраева